Бонки миллӣ: арзиши рубл ва евро дар Тоҷикистон каме боло рафт

Бонки миллӣ арзиши доллар, рубл ва евроро барои имрӯз эълон кардаст, ки мувофиқи он арзиши рубл ва евро дар Тоҷикистон нисбат ба чанд рӯзи пеш каме боло рафтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз арзиши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз  0.1489 то 0.1510 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ афзудааст, ки дар дар бозори нақди кишвар имрӯз 1 доллари ИМА аз 9.4395 то 9.4400 сомонӣ муқаррар шуда, 1 евро аз 10.6000  то 10.8000 сомонӣ арзиш дорад.

"Амонатбонк" аз бонки Узбакистон 10 миллион доллар қарз гирифт

Ҳамчунин, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 9.4395 сомонӣ, 1 евро – 10.6714 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1489 сомонӣ.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.