Хайр мактаб дар Русия: гузориши аксӣ аз сайругашти хатмкунандаҳо

Sputnik

Хайрухуш бо мактаб дар Русия аз ҷониби хатмкунандагон ҳамасола ба таври густурда ҷашн гирифта мешавад. Аксҳо аз шоми хайрбоди хатмкунандагони Русия бо мактаб дар соли равонро Sputnik Тоҷикистон гирди ҳам овард.

Фармоиши Нуриддин Саид барои се рӯзи таътил дар Душанбе: Чаро?

Маросими хатми мактаб дар Русия аз қисмати расмӣ ва ҷашнӣ иборат буда, дар аввал ба хатмкунандагон шаҳодатномаи камолот дода мешавад ва сипас барномаҳои тафреҳӣ гузаронда мешаванд.

Шомҳои хатм дар Русия ҳанӯз аз замони Пётри 1 гузаронда мешаванд. Нахустин хатмкунандагоне, ки бо таври тантанавӣ анҷоми таҳсил дар мактабро таҷлил карданд, муҳассилини макотиби улуми математикӣ ва навигатсионӣ дар Маскав буданд.

Дар пайи инқилоби соли 1917 вазъ тағйир ёфт. Шомҳои хатм, ҳамчун маросими хоси буржуазӣ мамнуъ шуданд. Аммо дар миёнаи солҳои сиюми асри 20 шомҳои хатм дубора эҳё гардиданд.

Баъди пошхӯрии шӯравӣ таҷлили бодабдабаи хатми мактаб дигарбора дар Русия ба ҳукми анъана даромад.

Тибқи иттилои Вазорати маорифи Русия соли равон макотиби кишварро 650 ҳазор нафар хатм мекунанд. Дар шаҳри Маскав маросими асосии хатм дар Парки Горкий баргузор мешаванд. Барои иштирок дар ин маросим 22 ҳазор нафар ба қайд гирифта шуданд, ки нишондоди рекордӣ тайи 7 соли охир ба шумор меравад.

 

1 / 10
Ҷоизаи IX-и умумирусиягии "Хатмкунанда - 2019" дар Кремл
2 / 10
Ҷоизаи IX-и умумирусиягии "Хатмкунанда - 2019" дар Кремл
3 / 10
Таҷлили хатми мактаб дар Чита
4 / 10
Таҷлили хатми мактаб дар Чита
5 / 10
Ҷоизаи IX-и умумирусиягии "Хатмкунанда - 2019" дар Кремл
6 / 10
Ҷоизаи IX-и умумирусиягии "Хатмкунанда - 2019" дар Кремл
7 / 10
Ҷоизаи IX-и умумирусиягии "Хатмкунанда - 2019" дар Кремл
8 / 10
Таҷлили хатми мактаб дар Чита
9 / 10
Шоми хатми мактаб дар Парки Горкийи Маскав
10 / 10
Соли 2019 макотиби Русияро 650 ҳазор нафар хатм мекунанд