ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Муҳаббат Юлдошева ҳунарманди сандуқсоз аст, ки 30 соли пеш ин ҳунарро аз падараш ба мерос гирифт. Мазбутҷон, падари ӯ аз ҳунармандони номии Спитамен буд ва то дами марг дар назди дасгоҳи харротӣ меистоду устогӣ мекард. Марди ҳунарманд ҳафт фарзандашро бо нони устогӣ калон ва хонадор кард.
Аз армони падар то сандуқсозии духтар
Аммо дар солҳои 1990, ки синни Мазбутҷон ба 60 расиду кам - кам маҷоли истодан дар назди дасгоҳи барқии устогиро аз даст медод, пеш аз ҳама зиёд хаставу маъюс мешуд, ки фарзандонаш то ин вақт ин ҳунари падариро аз бар накарданду идома намедиҳанд. Ин армони падарро, Муҳаббат аз миёни ҳафт фарзандаш зуд пай бурду аз он замон ба сандуқсозӣ шурӯъ кард.
"Вақте дидам, ки бародаронам ба касби падар шавқ надоранд, дилам ба падарам сухт. Ман ба ҳунари сандуқсозӣ машғул шудам, то дар дили падарам армон намонад. Аз ин тасмими ман падарам хеле шодӣ мекарданд ва ба ман дуо додаанд", - мегӯяд Муҳаббат Юлдошева.
30 сол боз Муҳаббат рӯзии ҳалоли худу фарзандонашро аз ҳисоби ҳунари сандуқсозӣ дарёфт мекунад. Муҳаббат гуфт, ки тули ин солҳо пушти ин кораш хотираҳои неке дар худ дорад. Ӯ аз як чунин хотироти некаш ба мо нақл кард, ки рӯзе ҳамроҳи занони ҳаммаҳаллаш дар як маросим қарор дошта буд, ки ногаҳон як зане ба наздаш рафта, дар миёни издиҳоми занон ба ӯ салом дода сипосгузорӣ кардааст.
"Ба ман маълум шуд, ки ин зан армуғони даҳ тӯи арӯсии фарзандону пайвандонашро аз сандуқҳои сохтаи ман бурдааст. Ба ҳамин хотир ӯ ба наздам омада ва маро ҳолпурсӣ кард. Худоро шукр, ки ҳунари сандуқсозӣ дорам ва аз ҳеҷ кас дастнигар нестам", - афзуд Муҳаббат.
Сандуқсозии Муҳаббат: ҳунаре, ки хонаҳоро ҷило медиҳад
Сандуқҳое, ки дар бозор бештар бо рамзи товус ва гулҳои баҳорӣ дар пештоқи худ медурахшанд, маҳсули дастранҷи ин зани ҳунарманд дар ноҳияи Спитамен аст ва барои харидорон басо таваҷҷӯҳбарангезанд.
Муҳаббат Юлдошева мегуяд, барои сохтани як сандуқ то се рӯз заҳмат мекашад. Чӯби онро, ки аз дарахтони сахти русиянд аз бозор мехарад ва дар хона корҳои рандаву арракуниро мегузаронад. Баъдан ба тасвири гулу паррандаҳ дар метали рӯи тахтаҳои онҳо машғул мешавад. Ин зани ҳунарманд мегуяд, кашидани гул дар рӯи метал кори пурзаҳмат аст, вале ин ҳунараш ба завқи ӯ меафзояд.
Барои ин кор барои ӯ наберааш Нозимҷон, ки хурдтарин узви хонаводааш маҳсуб мешавад, кӯмак мекунад. Нозимҷон дар синфи 8-уми мактаб мехонад ва дар вақти холӣ аз машғулиятҳои дарсияш ба кӯмаки модаркалонаш мепардозад.
Ҳукумати Тоҷикистон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кард ва ба думболи ин эълон ҳунармандонеро, ки дар шароити хонаводаҳо ба ҳунармандӣ машғуланд аз пардохти молиёт озод сохт. Муҳаббат мегуяд, эълони ин сол ба ҷуз озодшавӣ аз пардохти молиёт мавқеи ҳунармандонро дар ҷомеа муаррифӣ кард, ба қавле қадри онҳоро шинохтанд.
Кандакории занон: аз ниёзмандӣ то эҳёи ҳунари миллӣ
"Пеш аз ҳама дар назди кормандони идораи андоз нуфузи ҳунармандон маълум шуд. Ҳоло дар ҳама ҷашнҳои миллӣ растаи ҳунармандон ташкил карда ба намоиш гузошта мешавад. Мардум аз дидани маҳсули ҳунармандӣ қадри ҳунармандонро мешиносанд" , - таъкид варзид Муҳаббат.
Муҳаббат ҳоло дар хона ҳамроҳи шавҳараш Миряҳё ва духтараш Мунаввару фарзандони ӯ зиндагӣ мекунад. Духтараш барои кори сандуқсозӣ ва шавҳараш барои фурӯши сандуқҳо дар бозор барояш кӯмак мекунанд.
Муҳаббат мегуяд, чизе, ки ӯро ба ин кори пурмашаққат ҳамеша водор мекунад, дарёфти рӯзии ҳалол аст. Ӯ аз ҳисоби кори сандуқсозӣ чаҳор духтарашро ба камол расонидааст ва мегуяд назар ба ин, ки паси кори муҳоҷирату мардикорӣ ба мисли дигар занҳое, ки ҳоло бештар аз ҳар вақт азият мешавад, беҳтар аст, ки дар хона машғули сандуқсозӣ бошад.
Муҳаббат 30 сол муқаддам бо ин пеша шуғл варзид. Он замон Иттиҳоди Шӯравӣ тоза пош хурда буд ва аксар корхонаҳои истеҳсолӣ аз фаъолият боз монда буданд. Мардум он вақт дар вартаи бекориву бешуғлӣ дучор шуданд. Аммо Муҳаббату шавҳараш Миряҳё аз хонаводаи ҳунарманд дар он замони бағоят душвори иқтисодиву сиёсиву иҷтимоӣ зиндагии худро ба маҳзи сандуқсозӣ таъмин мекарданду то ҳол аз ин роҳи ҳалоли ҳунармандӣ рӯзии худро дарёфт карда метавонанд.