Пешравӣ: бӯзинаҳо ба смартфон алоқамандӣ пайдо карданд – навор

Истифодабарандагони шабакаҳои интернетро наворе дар ҳайрат гузоштааст, ки бӯзинаҳо ба монанди инсон бо телефонҳои ҳамроҳи ҳозиразамон ё смартфон тамошову бозӣ мекунанд
Sputnik

Ин навор шоҳидии онро медиҳад ҳатто ҳайвонҳо аз технологияҳои асри 21 истифода мебаранд. Ҳоло маймунҳои асри 21 дигар бозичаҳо доранд. соҳибони ин маймунҳо роҳи ором кардани ин ҳайвонҳоро пайдо карданд.

Дар навор дида мешавад, ки маймунҳо ба кору тамошои смартфон бисёр машғул ҳастанд. Яке аз бӯзинаҳо дар пайи ҷустуҷӯ телефон ҳасту дигаре бо бозиву тамошои филми тасвирӣ машғул аст.

Ҳатто баъзе аз бӯзинаҳо чунин ба телефон алоқамандӣ пайдо карданд, ки хостанд онро газида бихуранд. Ба назар мерасард, ки ҳоло замоне расидааст, ки ба маймун смартфон ҷолибтар аз банан аст.