Асрори гумшавии Исмоилҷон, сокини ноболиғи Душанбе: муттаҳам боздошт шуд – видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи 38 рӯзи ҷустуҷӯи Исмоилҷон Абдуллоев, сокини ноболиғи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷасади ӯ пайдо карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД, аввали моҳи май ба идораи милиса дар ноҳияи Шаҳринав хешовандони Абдуллоев муроҷиат карда, арз доштаанд,  Исмоилҷони 14-сола, ки дар меҳмонӣ дар ин ноҳия қарор доштааст, бедарак шудааст.

Чӯпонҳои бедарак шуда дар Мастчоҳ сиҳату саломат пайдо шуданд

Манбаъ  афзуд, ки баъди ҷустуҷӯ аз мавзеи Қаратоғ, аз истироҳатгоҳи пиронсолон устухонҳое пайдо шудаанд, ки ташхис онро мансуб ба Исмоилҷон Абдуллоев донистааст.

ВУД афзуд, ки бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят, Беҳрӯз Усмонзода,  сокини 17-солаи ноҳияи Шаҳринавро боздошт кардаанд, ки дар ягон ҷо таҳсил намекардааст ва дар як қатор ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла дуздӣ муттаҳам мешавад.

Ба гузориши ВУД Усмонзода дар пайи муноқиша Абдуллоевро бо санг зада, фирор намудааст.

“Бо санг задам, баъд дар рӯяш об шапидам, ки дурӯға кардааст. Баъд ӯро фаровардам, мондаму рафтам. Он вақт зинда буд, овоз набароварду ҷунбида истода буд. Ман гурехта бирафтам” – изҳор дошт Усмонзода дар гузориши телевизионӣ.

Қаблан ВУД иттилоъ дод, ки муттаҳами 17-сола 5-уми майи соли 2019, тахминан соати 16:00-дақиқа, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, дар ҳудуди “Пансионати муолиҷавии Қаратоғ”, бо ноболиғ, писарбачаи 14-солаи сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, ҷангу ҷанҷол намуда, бо санг чанд маротиба ба сар, ҷоғ ва тамоми узвҳои бадани номбурда зада, ӯро ба чуқурии бетонӣ партофтааст.

Дар натиҷа, ноболиғи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид кард, ки феълан алайҳи Усмонзода бо иттиҳоми дуздӣ ва расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки бо марг анҷомидааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.