Барканору ронда шуданд: ҷазои Сангинзода ва Неъматзода баъди шикояти сармоягузори украинӣ

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот эълон кард, ки дар пайи шикояти як сармоягузори украинӣ ду мансабдори воломақоми Ожонси мубориза бо маводи мухаддир, аз ҷумла роҳбари раёсат дар вилояти Суғд барканору аз мақомот ронда шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, муроҷиати сармоягузори украинӣ Виталий Костюкро дар хусуси аз ҷониби сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд Сангинзода Мирзоравшан ва муовини сардори шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Неъматзода Шариф Камол поймол намудани ҳуқуқояш ҳангоми бозгашт мавриди пайгирӣ қарор дод.

Боздошти нашъаҷаллобону амалиёт: азми Рустам Эмомалӣ дар мубориза бо нашъа

"Тибқи хулосаи санҷиши хизматӣ кирдори ғайриоинномавии Сангинзода Мирзоравшан ва Неъматзода Шариф Камол муайян гардида, онҳо аз вазифаи ишғолнамудаашон озод ва аз хизмат дар ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовар хориҷ карда шуданд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷӣ.

Сангинзода тобистони соли 2017 ба мақоми сардори раёсати Агентӣ дар Суғд таъин шуда шуд. Назари Сангинзода ва Неъматзода дар бораи ин қазия феълан маълум нест.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид кардааст, нисбати рафтори шахсони мазкур, ки айни замон аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор тафтиш мегардад, баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.

Қаблан соҳибкори украинаӣ Виталий Костюк ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон алайҳи аъмоли ғайриқонунии чанде аз мансабдорони тоҷик муроҷиат карда буд, ки сомонаи “Ахбор” ахиран чанд иқтибос аз ин муроҷиатномаро нашр намуд.

Бар асоси муроҷиатнома, Костюк дар поёни моҳи май ба Тоҷикистон омад, то шароити ҷалби чанд сармоягузори бузург ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ кунад. Ва билофосила чанд мансабдори бонуфуз бо пешниҳоди “чатри ҳимоят”-и худ ба Костюк таъкид карданд, ки фақат бо онҳо ва одамони онҳо кор кунад.

Президент медонад: кӣ сармоягузоронро “грузит” мекунаду мегурезонад?

Дар муроқиатнома омадааст, ки 31 май, бо анҷоми гуфтушунидҳо ва тамошои маконҳои дидании Тоҷикистон, Виталий Костюк ҳамроҳи шарикаш шаҳрванди Русия Элёр Тешобоев тасмим гирифтанд, ки аз роҳи Панҷакент аввал ба тамошои Самарқанд раванду аз онҷо ба Тошканд баргарданд, чунки чиптаи бозгашташон аз фурудгоҳи пойтахти Узбакистон буд.

Аммо дар наздикии марзи Панҷакент бо вилояти Самарқанд мошини онҳоро кормандони бахши Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон манъ карда, амр доданд, ки бояд барои кофтукоби мошинашон ҳамроҳи онҳо ба Панҷакент бираванд.

Кофтукоб дар Панҷакент натиҷае надод, вале тавре як корманди агентӣ ба онҳо гуфт, аз боло супориш гирифтаанд ва бояд онҳоро акнун ба Хуҷанд бубаранд.

Соати 21:15 Костюку Тешобоев ва як мошини дигари кормандони Агентии зидди маводи мухаддир аз Панҷакент 300 километр роҳро тай карда, ба Хуҷанд расиданд ва инҷо роҳбарони раёсати вилоятии Агентӣ ин ду соҳибкорро 4 соати дигар пурсуҷӯ ва кофтукоб карданд.

Ҳама ба Хуҷанд: то баргузории ярмаркаи “Суғд — 2019” се рӯз монд

Танҳо соати 03:20-и субҳи 1 июн ба Костюк ва Тешобоев санадҳояшро баргардонданд ва онҳо тавонистанд тарки Тоҷикистон кунанд.

Виталий Костюк дар муроҷиатномааш аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хостааст “тамоми тадбирҳоро барои ҳаллу фасли ин ҳолат биандешанд, чунки ба назари мо, чунин амалҳои кормандон обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва иқтисодиро сиёҳ мекунанд”.

“Агар дар кишвари шумо чунин ҳолат меъёри қонун бошад, бубахшед маро, вале ман ҳатто поямро ба чунин кишвар намемонам!” – иқтибос овардааст сомонаи “Ахбор” аз муроҷиатномааш соҳибкори украинӣ.