ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Рӯзи 21-22 июни соли равон дар Муассисаи давлатии “Қасри варзиш”-и маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд — 2019" баргузор мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дар он ҳамчунин соҳибкорону ҳунармандон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе низ ширкат менамоянд.
Ярмаркаи мазкур дар доираи қарори раиси вилояти Суғд рӯи кор омада, ҳадафи баргузории он дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ ва ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир маҳсуб мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзҳои баргузории ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд — 2019" ташкили Форуми байниминтақавии дар мавзӯи "Ҳамкорӣ, имкониятҳо ва дурбинӣ", "Башаклдарории системаи нақлиётӣ-логистикӣ, барои кашонидани маҳсулоти кишоварзӣ мусоид: имкониятҳо ва талабот" баргузор мегардад.
Маҳсулоти арзон: дар Хуҷанд бахшида ба моҳи Рамазон ярмарка баргузор шуд
хамчунин муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии "StartUp -Чойхона VI", озмуни вилоятии "Маҳсулоти беҳтарин", вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, инчунин ба имзорасонии шартномаҳо дар назар аст.