Дар оғӯши падар: домоди Мирзиёев дар Instagram ҳамроҳи духтарчааш видео нашр кард

Ин наворро аллакай 88 ҳазор кас боздид кардаасту 23 ҳазор ҳамванд писандидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Отабек Умаров, домоди хурдии президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев, дар Instagram ҳамроҳи духтарчааш видео нашр кардааст.

Дар ин навор Отабек духтарчааш-Раниаро ба оғӯш мекашад.

"Шоҳдухтари ман Раниа",-навиштааст Умаров ва дар бари шарҳ рамзи дилро гузоштааст. Дар ин навор набераи Шавкат Мирзиёев дар воқеъ шоҳдухтар аст.

Ӯ дар тан пироҳани зебои гулобиранг дораду дар сараш тоҷ гузоштааст 

Ифтор ва мастер-класс барои домоди раисиҷумҳур: сафари Нурмуҳаммадов ба Тошканд

Ин наворро аллакай 88 ҳазор кас боздид кардаасту 23 ҳазор ҳамванд писандидааст. Аксари корбарони интернет ин видеоро тамошо карда шарҳҳои мусбат навиштаанд. Яке аз корбарон изҳор доштааст, ки "оғӯши падар-хушбахттарин лаҳзаҳои ҳаёт аст".

Пас аз вазифаи нав: духтари Мирзиёев дар Instagram саҳифа боз кард

Домоди Шавкат Мирзиёев вазифаи нав гирифт

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳам Умаров дар саҳифааш дар Instagram акси хонаводаашро нашр карда буд. Дар он акс-худи Отабек, ҳамсараш Шаҳноза ва се дуртарчаашон намоён буданд. Умуман вақтҳои охир хонаводаи президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шудаанд.

Пурбаҳстарин акси президент дар интернет: Мирзиёев дар арафаи ид оши палав пухт

Чанде пеш духтари бузургии Мирзиёев дар саҳифааш аксеро нашр карда буд,ки дар он президент оши палав омода мекунад. Ин аксро дар як шаб беш аз 40 кас писандида буд.