Дастури Раҳимзода барои шинондани дарахтони мевадиҳанда

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон ба водии Рашт сафар кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода рӯзи 17 июн ба минтақаи Рашт сафар намуд.

Ба гузориши ВУД, вазир дар ин минтақа аз замини хоҷагии ёрирасони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод боздид кардааст.

Супоришҳои Рамазон Раҳимзода ва Саймумин Ятимов ба заминкорон

"Раҳимзода аз ҷараёни кишту кор дар хоҷагии ёрирасон шиносоӣ пайдо намуда, ба роҳбарияти РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ҷиҳати шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод",-омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки дар замини хоҷагии ёрирасони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод навъҳои гуногуни маҳсулоти хоҷагии қишлоқ кишт карда шудааст, ки аллакай баъзе аз онҳо ба ҳосил даромадаанд.

Манбаъ афзуда, баъди пухта расидани зироатҳои киштгардида онҳо ҷамъоварӣ шуда, барои таъминоти ҳайати шахсии Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ фиристода мешаванд.