Дар бораи писари раисиҷумҳури Туркманистон чӣ медонем?

Сардор Бердимуҳаммадов соли 1981 ба дунё омадааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов 22 сентябри соли 1981 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ба дунё омадааст.

Ӯ фориғуттаҳсили донишгоҳи кишоварзии ба номи С.А. Ниёзов мебошад. Ихтисосаш муҳандис-технолог.

Фаъолияти касбияшро аз соли 2001 дар Қувваҳои мусаллаҳи Туркманистон оғоз кардааст.

Сардор то соли 2013 дар вазифаҳои, мушовири сафири Туркманистон дар Русия ва сипас дар Женева, мудири шуъбаи кишварҳои Урупои ВУХ Туркманистон кор кардааст.

Президенти Туркманистон писарашро раиси вилояти Аҳал таъйин кард

Солҳои  2008–2011 дар Академияи дипломатии Вазорати умури хориҷаи Русия таҳсил карда, коршиноси соҳаи муносиботи байналмиаллӣ шуд.

Солҳои 2011–2013 ҳамчунин дар Женеве дар Маркази сиёсати амният таҳсил карда соҳиби дараҷаи коршинос оид ба амияти байналмиаллӣ ва Урупо шуд.

Соли 2018 муовини раиси вилояти Аҳал таъйин гардид.

Ҳамчунин 25 марти  соли 2018 писари раисҷумҳури Туркманистон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Сардор вакили парлумон интихоб шуд.

Дар баробари ин Сардор Беримуҳаммадов 30 марти соли 208 дар вазифаи муовини вазири умури хориҷаи Туркманистон хизмат кардааст.

Дар айни замон писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Сардор Бердимуҳаммадов раиси вилояти Аҳал мебошад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин се духтар ва чаҳор набера дорад.