Ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 21 миллион доллар кумаки башардӯстона расидааст

Кумаки башардӯстона кишварҳои хориҷӣ ки ба Тоҷикистон расонида шуд беш аз 21 миллион долларро ташкил додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ба Тоҷикистон 41 кишвари дунё дар ҳаҷми беш 21,6 миллион доллар кумаки башардӯстона расонидаанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба беш аз 10 ҳазор оилаи ниёзманд кумак мерасонд

“Ҳаҷми кумакҳои башардӯстона 6,6 тоннаро ташкил додааст”-гуфтааст Ожонсии омори Тоҷикистон.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ба ҷумҳурӣ ҳамчун кумаки башардӯстона орд, равғани растани, доруворӣ ва ғайра ирсол карда шудааст.

Кишвари нисбатан бузургтарини кӯмакрасон ба Тоҷикистон Русия дониста шудааст. Кӯмаки ироакардаи Русия ба Тоҷикистон 53,3 фисадро ташкил медиҳад.

Ожонс: Русия аз ҳама бештар ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона расондааст

Дар  мақоми баъдии кишвари хайрирасон Швейтсария  бо 13,1 дарсади карор дорад. Мақоми Чин дар раддабандии кишвархои ёрирасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  саввум буда ҳаҷми кумаки ироакардаи ин кишвар ба 8,2 дарсар баробар  аст.

Ҷопон низ аз кишвархои имдодрасони Тоҷикистон ба шумор рафта, 3,4 фисади кумаки ин  кишвар ҳисобида шудааст.