Аҷибаш ин ки раисиҷумҳур аз болои дучарха тир меандозад. Дар навор тамринҳои ҳарбӣ, ки рӯзи 13 июн баргузор шудаанд, нишон дода шудааст.
Қурбонгулӣ натанҳо омӯзиши ҳарбиро мушоҳида кардааст, балки худ ба ҳарбиён мастер-класс нишон додааст.
Аз навор дида мешавад, ки президент чанд маротиба аз назди нишонҳо мегузарад. Бердимуҳаммадов бо як даст дучархаро идора мекунаду бо дасти дигар тир меандозад.
Аз видео дида мешавад, ки президент савори дучарха ба нишонҳо тир меандозад. Ва ҳамаи тирҳои Бердимуҳаммадов бехато ба нишон мерасанд.
Дар охир аз навор дида мешавад, ки низомиён барои маҳорати баланди раисиҷумҳурашон кафкӯбӣ мезананд.
Котиботи раисиҷумҳур қайд кардааст, ки Бердимуҳаммадов аз овони ҷавонӣ ба тирпарронӣ машғул аст ва барои низомиён "намунаи ибрат" аст.