Озмуни Федератсияи куштии Тоҷикистон барои навиштани Қоидаҳои куштии миллӣ

Беҳтарин таҳиякунандагони қоидаҳо бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. 
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муаррифӣ ва исботи таърихи куҳани куштии миллӣ байни муаллифон барои таҳияи матни китоби «Таърихи гӯштингирии миллӣ» озмун эълон менамояд.

Ба гузориши Вазорати фарҳанг, беҳтарин муаллифи китоб бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешавад. 

Инчунин бо мақсади баргузории босифати чорабиниҳо оид ба куштигирӣ озмуни таҳияи «Қоидаҳои куштии миллӣ», «Қоидаҳои доварӣ дар мусобиқаи куштии миллӣ» ва «Қоидаҳои баргузории мусобиқаҳои куштии миллӣ» низ эълон мегардад. 

"Беҳтарин таҳиякунандагони қоидаҳо дар алоҳидагӣ бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд",-омадааст дар хабарнома. 

Мӯҳлати ниҳоии қабули маводҳо 1 ноябри соли 2019, муқаррар шудааст.

Манбаъ афзуда, ки барои гирифтани маълумоти муфассал ва пешниҳоди мавод ба рақамҳои 989 05 60 88, 917 23 11 77 ва 2 21 79 62 занг занед.