Маош 2,4 ҳазор сомонӣ: озмун барои ишғоли мансаби пешини Давлат Сафар

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кори холӣ дар ин ниҳод озмун эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тибқи эълони Вазорати фарҳанг мақоми сардори раёсати табъу нашр ва матбуот, ки қаблан онро шоир Давлат Сафар ишғол мекард, ба озмун гузошта шудаст.

Озмун: Кумитаи андоз барои 102 мансаби холӣ соҳиб меҷӯяд

Манбаъ маоши мансабии сардори раёсати табъу нашр ва матбуотро 2392 сомонию 20 дирам гуфта, аз довталабон 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ хостааст.

Дар феҳрасти талаботи дигар – “дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ” таъкид шудааст.

Шоир Давлат Сафар, ки қаблан сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг буд, моҳи марти соли равон ба вазифаи директори Муассисаи нашриявии “Адиб” таъин гардида буд.

Замин бе навбат, қарзҳо бо имтиёз: дар ВМКБ ба омӯзгорони ҷавон ҷои кор доданд

Вазорати фарҳанг инчунин сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста - 1 ҷой бо маоши 1200 сомонӣ, мутахассиси пешбари раёсати санъат - 1 ҷой бо маоши 978 сомониро ҷустуҷӯ дорад. Ин ниҳод таъкид кард, ки мақоми мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ - 1 ҷой бо 978 сомонӣ ва мутахассиси раёсати табъу нашр ва матбуот - 1 ҷой бо маоши  978 сомонӣ интизори довталабон мебошад.

Вазорат эзоҳ додааст, ки барои довталабон донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор кардан бо компютер ва таҷрибаи кофии корӣ аз рӯи ихтисос зарур мебошад.

Ин ниҳод аз довталабон даъват кардааст, ки ҳуҷҷатҳоро ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 34 пешниҳод кунанд, ё барои иттилои бештар тариқи телефонҳои 223-19-71 ва 221-04-23 муроҷиат намоянд.