Бозигар аз Узбакистон “Куктош”-ро ба ҷои 2-и Чемпионати Тоҷикистон баровард

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки тими “Куктош” бо пирӯзӣ бар дастаи “Хатлон” дар ҷадвали Чемпионати кишвар ба ҷои дуюм баромад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik.  Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар бозии даври нуҳуми Чемпионати Тоҷикистон дастаи “Куктош” дар меҳмонӣ бар тими “Хатлон” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

“Куктош” ё “Истиқлол”: сабқати ниҳоӣ барои “ҶОМИ ФФТ-2019”

“Бозӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар доир гардида, голи ягонаро легионери узбекистонии “Куктош” Муҳиддин Одилов дар дақиқаи 58-ум зад”, - афзуд манбаъ.

Кумита таъкид кард, ки пас аз ин ғалаба дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бо 17 хол ба ҷои дуюми ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон баромад.

Се бозии дигари даври 9-ум миёни дастаҳои “Истиқлол” – КМВА “Помир”, “Хуҷанд” – “Панҷшер”, ва “Истаравшан” – “Регар-ТадАЗ” ба вақти дигар гузаронида шудааст.

Рӯзҳои 22-23 июн бозиҳои даври даҳуми Чемпионати мамлакат баргузор мешавад. Рӯзи 22 июн “Истиқлол” бо “Панҷшер”, “Куктош” бо “Хуҷанд”, 23 июн “Регар-ТадАЗ” бо “Хатлон”, КМВА “Помир” бо “Истаравшан” вомехӯранд, ки оғози бозиҳо соати 17:30 дар назар аст.