Хатлон дар ҷустуҷӯи сармоягузори хориҷист: мақомот сармоягузоронро ба Кӯлоб даъват кард

Sputnik

Дар доираи Форум намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, намунаҳои эҷодиёти ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, ба маърази иштирокчиёни Форум гузошта шуд.

Дар кори Форум доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагони ҳамватанони бурунмарзӣ, мутахассисону коршиносон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Мақомдори афғон аз мушкилоти сармоягузорӣ то фиребкориву дағалбозии тоҷирони тоҷик

Дар қисмати расмии Форум, ки таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд баргузор гардид, ёрдамчии Президенти  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, Раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Иноятзода Баҳром, Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Паммершайм, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Ал Бодӣ, директори иҷроияи Корпоратсияи Исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Айман Амин Сеҷинӣ, Президенти ширкат оид ба захираҳои "Тибет-Эверест" Хуан Цзян Жунг ва муовини волии Балхи Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар доираи Форум як қатор санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC)”, “Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати  Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди “Каши Синюй Дади Майнинг” ба имзо расид.

Инчунин, Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо ширкат оид ба захираҳои "Тибет-Эверест", “Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва ҶДММ “Ориён-Рустам» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ” ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти вилояти Хатлон ва вилояти Балхи Афғонистон ба имзо расонида шуд.

1 / 13
Форуми мазкур ба хотири баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ташкил карда шудааст
2 / 13
Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб баргузор шуд
3 / 13
Маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ, дар бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
4 / 13
Дар доираи Форум намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, намунаҳои эҷодиёти ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда
5 / 13
Дар кори Форум доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ иштирок намуданд
6 / 13
Дар намоишгоҳ намунаҳои эҷодиёти ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд
7 / 13
Намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллии Кӯлоб
8 / 13
Намоишгоҳи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Кӯлоб
9 / 13
Дар кори Форум доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагони ҳамватанони бурунмарзӣ, мутахассисону коршиносон иштирок намуданд.
10 / 13
Дар қисмати расмии Форум, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон доир ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром, Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Паммершайм, Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Ал Бодӣ , директори иҷроияи Корпоратсияи Исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Айман Амин Сеҷинӣ, Президенти ширкат оид ба захираҳои "Тибет-Эверест" Хуан Цзян Жунг ва муовини волии Балхи Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
11 / 13
Дар доираи Форум як қатор санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расид
12 / 13
Маросими имзои созишномаҳо
13 / 13
Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор гардид