Тоҳиров Фирӯз ба маблағи 470 ҳазор сомонӣ дар Бӯстон майдони варзишӣ сохт

Масоҳати майдончаи варзишӣ, ки барои бозии футболи​ хурд мутобиқ гардонида шудааст, 1530 метри мураббаъро дар бар мегирад ва он дорои утоқи либосивазкунӣ, мағозаи фурўши лавозимоти варзишӣ ва нўшокиҳои ташнашикан мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар чорчуби корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рӯзи 14 июн дар шаҳри Бўстон бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ду майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, яке аз ин майдончаҳо дар кӯчаи ба номи Абӯалӣ ибни Синои шаҳр воқеъ буда, он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тоҳиров Фирўз бо харҷи 470 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Масоҳати майдончаи варзишӣ, ки барои бозии футболи​ хурд мутобиқ гардонида шудааст, 1530 метри мураббаъро дар бар мегирад ва он дорои утоқи либосивазкунӣ, мағозаи фурўши лавозимоти варзишӣ ва нўшокиҳои ташнашикан мебошад.

Майдончаи дигари варзишӣ дар ҳудуди Мактаби президентии шаҳри Бӯстон бунёд гардидааст. Ин иншооти варзишӣ бо маблағгузорӣ аз суратҳисоби махсуси муассисаи таълимӣ бо харҷи беш аз 646 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи иншоотҳои варзишӣ аз рафти бунёдкориҳо дар вилоят ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон то соли 2021 дар вилоят даҳҳо иншооти варзишӣ бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки варзиш дар ҳама давру замон воситаи беҳтарини муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳон маҳсуб ёфта, ҷавонони моро зарур аст, ки бо истифода аз имконоти фароҳамгардида баҳри рушди соҳа саҳми сазовор гузоранд.