Тақдими ордени давлатии дараҷаи 1-и Тоҷикистон ба раисиҷумҳури Чин - акс

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои чинияш Си Ҷинпин аз боарзиштарин мукофотҳои давлатиро тақдим намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 15 июн дар Қасри Миллат ба Си Ҷинпин мукофоти давлатии Тоҷикистон - “Ордени Зарринтоҷ дараҷаи 1”-ро дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард.

Раҳмон ба Убайдуллоев ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи-1 тақдим кард

Далели тақдими ордени давлатии дараҷаи 1 ба Си Ҷинпинро дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон “хизматҳои барҷаста дар таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни халқҳои тоҷику чин, рушди ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башардӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин” арзёбӣ кардааст.

Тақдими ордени давлатии дараҷаи 1-и Тоҷикистон ба раисиҷумҳури Чин - акс

Қаблан ордени “Зарринтоҷ дараҷаи 1” ба Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳангоми гуселаш аз мақоми шаҳрдори Душанбе тақдим гардида буд.

Рустами Эмомалӣ ҷойгузини Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мақоми шаҳрдорӣ низ соли гузашта ордени “Зарринтоҷ дараҷаи 2” гирифта буд.