Озода Раҳмон гуфт дар кадом ҳолатҳо соҳиби симкорт ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад

Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи равон дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон ҳолатҳои барои симкорт ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани истифодабарандагонро тавзеҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Озода Раҳмон, ки дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон, роҳбарии Кумитаи таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои ин­сон, шаҳр­­ванд ва қонуниятро ба уҳда дорад, дар ҷаласаи палатаи болоӣ тағйирот ба Кодекси ҷиноиро муаррифӣ кард.

Эълони ВУД Тоҷикистон дар бораи симкорт ва шиносномаҳо: аз муҳлат то маблағ

Ӯ гуфт, мақсади тағйирот ин тақвият додани назорат аз болои истифодаи симкортҳо мебошад.

Озода Раҳмон тавзеҳ дод, ки бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ, моддаи 341 замимаи 1 илова гардид, ки барои  нақзи меъёрҳои ҳуқуқии  пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ба соҳибияти каси дигар додани он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Ӯ гуфт, минбаъд содир кардани кирдорҳои зерин боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.

“Вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ, агар чунин кирдор баъди як соли татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад”, - изҳор дошт роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳур.

Изи ангушт мегирем: Хадамоти алоқа сабаби сабтиноми дубораи сим-кортҳоро гуфт

Озода Раҳмон таъкид кард, ки ғайриқонунӣ пайваст кардани симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ё аз ҷониби истифодабарандаи симкорт ба соҳибияти каси дигар додани он, агар симкорт дар содиркунии ҷинояти хусусияти террористӣ ё экстремистидошта истифода гардида бошад, ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Ба навиштаи нашрияи парлумонии "Садои мардум", Озода Раҳмон таъкид кард, ки ин тағйирот ба Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз аъзои парлумон хост онро ҷонибдорӣ намоянд.

Дар пайи овоздиҳии аъзои палатаи болоии парлумон, тағйироти мазкур ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон қабул карда шуд ва баъди имзо аз сӯи раисиҷумҳур ва нашрашон дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор хоҳанд гирифт.