Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ Ҷинпинро ба Чин гусел карданд

Ба хотири гусели раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин майдони фурудгоҳ идона ороста шуда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Имрӯз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими гусели раиси Ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин баргузор гардид.

Ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, ба хотири гусели меҳмони воломақом майдони фурудгоҳ идона ороста шуда буд.

Қабл аз маросими гусел дар толори пазироии меҳмонон мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин доир гашт.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ Ҷинпинро ба Чин гусел карданд

Ҷинпинро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Муҳриддин ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Ситоиши Ҷинпин аз инсондӯстӣ ва хайрхоҳии Раҳмон ва мардуми тоҷик

Ёдовар мешавем, ки раиси Ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин аз 14 то 16 июн бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе қарор дошт.

Дар доираи сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ паҳлӯҳои равобити дуҷонибаи кишварҳо, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз руи натиҷаи мулоқоту музокирот дар маҷмуъ 18 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистону Чин заминаҳои мусоидро фароҳам овард.