Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз шоми дӯстии шоми 14 июн дар бӯстонсарои шаҳрдории Душанбе дар Варзоб бо иштироки чанде аз сарони кишварҳои иштирокдори саммити бузург дар Душанбе гузориш дода, аз меҳмоннавозии президенти Тоҷикистон тавсиф намудааст.
Дар ин шом сарони Русия, Узбакистон Қазоқистон, Бангладеш, раиси ҳукумати Афғонистон ва дигарон иштирок доштанду худи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онҳоро раҳнамоӣ карда, бо фарҳанг, расму оин ва табиати Тоҷикистон шинос мекард.
Дар ин шом бӯстонсарой махсусан зебо буд: полизҳо пур аз меваҷоту кулчаву самбӯса ба намоиш гузошта шуда буданд. Дар як тараф ҳайвонҳои нодири кишвар муаррифӣ мегардиданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ин шом барои сарони кишварҳо писанд омадааст.
" Эмомалӣ Раҳмон одатҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона доранд ва ба расму ойинҳои меҳмоннавозии мардумамон беандоза арҷ мегузоранд", - таъкид мекунад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд, афзудааст манбаъ.
Рафти ин шоми зеборо аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон пайгирӣ кунед.