Оғози таъмири Маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология"

Маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология”-ро бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар Маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино корҳои таъмирии капиталӣ оғоз гардид.

"Тибқи супориши ректори донишгоҳ барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон ва барои пешгирӣ намудани паҳншавии вирусҳои СПИД ва гепатитҳо, ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани марказ корҳои таъмирии капиталӣ оғоз карда шуд",-омадааст дар хабарнома.

Имсол Донишгоҳи тиббиро 65 нафар бо дипломи аъло хатм кард

Роҳбарияти донишгоҳ ва марказ тасмим гирифтанд, ки маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология”-ро барои дар оянда ҳамчун парки техникӣ фаъолият кардан омода намуда, бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намоянд.

Ёдовар мешавем, ки имсол бори 74-ум Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро 1556 нафар хатм кард.

Аз миёни 1556 нафар, 65 касашон донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд.