Қиёси маош дар кишварҳои ИДМ: мақоми Тоҷикистон муайян шуд

Дар кишварҳои ИДМ маоши аз ҳама пасттаринро шаҳрвандони Тоҷикистон мегиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ,14 июн-Sputnik. Тоҷикистониён дар қиболи шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ аз лиҳози музди корӣ дар зинаи охир ҷой гирифтанд.

Дастури раисҷумҳур барои зиёд кардани маош

Тибқи иттилои Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ дар қиёс бо ҳамсоякишварҳо музди меҳнати камтарин ба даст оварданд.

Дар гузориши Кумитаи омори ИДМ омадааст, ки маоши миёнаи шаҳрвандони Тоҷикистон 1 ҳазору 364 сомонӣ, муодили 145 доллари амрикоӣ мебошад.

Бар асоси ин манбаъ, аз ҳама маоши баландро шаҳрвандони Русия ба даст меоранд. Хақмузди кории онхо дар ин муддат ба 730 доллари амрикоӣ баробар будааст. Дар зинаи баъдӣ Беларусия  ва Украина бо маоши миёнаи 518 ва 388 доллари амрикоӣ қарор доранд. Кишварҳои дигарро ба чунин зайл - Озарбойҷон-370 $, Арманистон - 375$, Қирғизистон-239 доллари амрикоӣ раддабандӣ намудаанд.

Вазорат: маош дар Душанбе, Суғд, Хатлон ва ВМКБ аз 6 то 19 фоиз афзоиш ёфт

Маълумот дар мавриди даромади миёнаи шаҳрвандони Қазоқистон, Молдавия ва Узбакистон оварда нашудааст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон санаи 1- уми декабри соли 2018 маоши миёнаи шаҳрвандон ба 129 доллари амрикои зиёд карда шуд. Дар ҳоле, ки як сол қабл ҳақмузди тоҷикистониён  120 доллари амрикои буд.