Рамазон анҷом ёфту гӯшт арзон нашуд

Анҷоми моҳи Рамазон ва гузаштани Иди Фитр нархи гӯштро дар бозорҳои Тоҷикистон поин набурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон баъди иди Фитр низ баланд боқӣ мондааст, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Қиматфурӯшӣ баробари худкушист: Раҳмон ба тоҷирон аз оташи сӯзон ҳушдор дод

Ба гуфтаи сокинони Душанбе, дар ҳоли ҳозир нархи як килои гӯшти гов аз 47 то 50 сомонӣ аст. Дар зимн, фурӯшандаҳои гӯшт ба нархи 42 сомонӣ низ гӯшт пешниҳод мекунанд, вале ба ҳар килои он 150-200 грам равғани чарбӣ изофа мекунанд.

Манбаъ боло будани нархи говро сабаби афзоиш ёфтани нархи гӯшт арзёбӣ кардаанд. Иддае гарон будани ғизои чорворо низ боиси болоравии нархи гӯшт мешуморанд.

Тағйири нархҳо: нону арақ қиммат ва меваю сабзиҷот арзон шудааст

Ин дар ҳолест, ки қаблан бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гӯштфурӯшонро дар болобарии сунъии нархи гӯшти гов муттаҳам карданд. Ба гуфтаи бархе аз сокинони Тоҷикистон гӯштфурӯшон бо истифода аз афзоиши талабот ба гӯшт дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи иди Фитр нархи маҳсулоташонро боло бурдаанд. Аммо бо гузашти Рамазон нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон боло боқӣ мондаанд.