Кӯдаке, ки доим заифонро ҷонибдорӣ мекард: Бахтиёрро дар Хабаровск қадрдонӣ карданд

Бахтиёр Усмоновро дар Русия барои қаҳрамонӣ ва ҷасораташ қадрдонӣ намуданд. Ин писаракӣ 11-сола дӯсташро аз марг наҷот дод: ӯро аз чоҳи пур аз оби ҷӯш баровард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Бахтиёр Усмонов, як кӯдаки 11-солаи зодаи Тоҷикистонро дар шаҳри Хабаровски Русия барои қаҳрамонӣ ва ҷасорат қадрдонӣ карданд. Ӯ дар як ҳодисаи нохуш тавонист ба дӯсташ дасти ёрӣ дароз кунад ва ӯро аз марг наҷот диҳад.

Тавре расонаҳо Русия хабар медиҳанд, муаллимону роҳбарияти мактабе, ки дар он Бахтиёр таҳсил дорад, барои қадрдонии писарак ҷамъомади махсуси тантанавие ташкил карданд. Дар он влидону дӯстону муаллимони писарак ва ҳатто намояндагони пулиси шаҳр иштирок доштанд.

"Ӯ дасташро дароз карду ман кашида гирифтам.Заррае ҳам ҳаросро ҳис намекардам. Пас аз об гирифтан, дарҳол дигаронро аз ҳодисаи нохуш хабардор кардам ва Славаро ба беморхона бурданд", - мегӯд Бахтиёр.

Қадрдонии кӯдаки тоҷик барои наҷоти дӯсташ аз чоҳи оби ҷӯш дар Русия - видео

Ба гуфтаи пизишкон, агар Бахтиёр дар ҷои ҳодиса намебуд, оқибати он фоҷиабор мегашт. То ҳол писараки ҷабрдида дар шӯъбаи эҳё қарор дорад.

Ба гуфтаи муаллимон, Бахтиёр дар мактаб бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад.

"Агар кӯмак лозим шавад, писаракону духтаракони синф доим ба Бахтиёр муроҷиат мекард. Ӯ ҳамеша аз заифон ҷонибдорӣ мекунад. Доим ба ҳама кӯмак мерасонад", - мегӯяд муаллими вай.

Ҳодисаи нохуш 27 май дар кӯчаи Дежнёви Хабаровск рух додааст. Слава, ҳангоми бозӣ ба чоҳи оби ҷӯш афтида,  аммо дӯсташ Бахтиёр ӯро берун кашида наҷот додааст. Бадани Слава 40 дарсад сӯхта, дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ гардид.

Табибон мегӯянд феълан ҳолати Слава беҳтар шудааст, аммо ҳадди ақал то ду моҳи оянда дар бемористон хоҳад монд.