Қоимдодов: Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Данғара, Кӯлоб ва Бохтар фаъол мешавад

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки шаҳрчаи он дар Хоруғ ҷойгир мебошад, фаъолияташро дар вилояти Хатлон низ ба роҳ мемонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Қозидавлат Қоимдодов, намояндаи доимии Бунёди рушди Оқохон дар Тоҷикистон имрӯз зимни ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ноҳияи Данғара ва шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар низ фаъолияташро ба роҳ мемонад.

Таъини нахустин ректори "UCA"-и Оқохон дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон

“Аз ҷумла Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ДОМ дар шаҳри Кӯлоб, Бохтар ва  ноҳияи Данғара марказҳои худро кушоданд ва ба ҷавонон курсҳои омӯзиши забони англисӣ, русӣ, компютер ва бухгалтерияро пешкаш мекунад”, - изҳор дошт Қоимдодов.

Ӯ афзуд, як лоиҳаи дигари Бунёди Оқохон дар бораи инсоншиносӣ мебошад, ки дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз ҷониби Бунёди Оқохон дар Хоруғ сохта шуда, соли гузашта аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид.

Оғози Довталаб -2019 бо 2 навгонӣ: дохилшавӣ ба “ДОМ”-и Оқохон низ тариқи МТС мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи донишгоҳи мазкур гуфт, нақшаҳои таълимии донишгоҳ тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон бо дарназардошти фанҳои ҳатмии миллӣ таҳия гардида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар тасдиқ карда шудаанд.

Раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки айни ҳол шумораи умумии донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ 150 нафар мебошад, ки онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон буда, 55 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.