Тақдими медалҳо ба гуруҳи вакилони палатаи болоии парлумон

Як гуруҳ аъзои Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бо ифтихорномаю медалҳо қадрдонӣ шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, дар ҷаласаи ахир аъзои  палатаи болоии парлумони мамлака - Муҳаммадюсуф Имомзода, Наргис Раҳмонова, Раҳмоналӣ Амирзода ва Фарҳод Раҳимӣ медалу ифтихорномаҳо гирифтанд.

Убайдуллоев дар бораи боздошти тоҷикон дар Маскав: ҳам сафорат пайгирӣ дораду ҳам маҷлис

Манбаъ таъкид кард, ки аъзои номбурдаи Маҷлиси миллӣ,  барои саҳми босазо гузоштан дар таҳкими ҳамкории байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  медал ва Ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро соҳиб шуданд.

Дар маҷмуъ зимни ин ҷаласа беш аз 20 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабул гардиданд.

Аз ҷумла ба иттилои Маҷлиси миллӣ,  қонунҳо “Дар бораи мақомоти  прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ҳолати ҷангӣ”, “Дар бораи ворид намудани илова ба  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Дар бораи ворид  намудани  тағйирот ба Кодекси  мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Дар бораи  истеҳсолоти иҷро”,  “Дар бораи  милитсия”, “Дар бораи нотариати давлатӣ” , "Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.