ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷомӣ нисбати марди 35-солае барои напардохтани алимент парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳолати мазкур дар рафти санҷиши ҳолати иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маълум гардид.
Дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи А.Ҷомӣ аз 9-уми июни соли 2015 аз ҳисоби марди 35-солаи сокини деҳаи Ш.Шоҳин ба фоидаи ҳамсари собиқаш, зани 33-солаи сокини деҳаи мазкур барои таъминоти 2 фарзанди ноболиғи 6 ва 7-сола бо тариқи устувор ҳар моҳа ба андозаи 120 сомонӣ барои як кӯдак, ҷамъ 240-сомонӣ ҳар моҳ то ба балоғат расидани кӯдакон алимент муқаррар шудааст.
Аммо, марди номбурда барқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок аз иҷрои ҳалномаи дар боло зикршудаи суди ноҳия оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғаш саркашӣ намуда, бештар аз 31-моҳ, ҷамъ маблағи умумӣ 7040-сомониро ташкил медиҳад, пардохт накардааст.
Аз тарафи Прокуратураи ноҳияи А.Ҷомӣ нисбати номбурда бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.