ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Рӯзи 12 июни соли 1990 эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии федеративии сотсиалистии Русияи Шӯравӣ ба имзо расида буд.
Мардуми Русия имрӯз “Рӯзи Русия”-ро, ки ҳамчун рӯзи истиқлолият дониста мешавад таҷлил мекунанд.
Мисли анъана дар тамоми вилояту шаҳрҳои Русия барномаҳои идона баргузор мешавад, ки дар он ҳазорон нафар иштирок мекунанд.
Таҷлили “Рӯзи Русия” аз минтақаҳои дури ин кишвар шурӯъ мегшавад. Ба хусус аз минтақаҳои Камчатка, Чукотка ва Шарқи Дур оғоз мегардад. Барои мисол дар минӣақаи Петропавлоск-Камчатка маросими Рӯзи аввали моҳи баргузор мешавад. Аммо дар маркази Анадир ярмаркаи фурӯши маҳсулоти санъати ороишӣ ба роҳ монда шудааст.
Маркази таҷлили “Рӯзи Русия” ба таври анъанавӣ пойтахти кишвар аст. Дар кӯчаву боғҳои Маскав барномаҳои ҷолибу ҷашнвораҳои гуногун ташкил карда мешавад. Шоми имрӯз барои сокнонону меҳмонони пойтахт дар майдони марказии шаҳри Маскав консерти идона баргузор хоҳад шуд.