Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз Чин шикаст хӯрд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон шоми дирӯз дар бозии дӯстона натавонист дастаи мунтахаби Чинро шикаст бидиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik.  Шоми дирӯз дар шаҳри Гуанчжоуи Чин бозии дӯстонаи  дастаҳои мунтахаби футболи  Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд.

Футбол: ғолиби марҳилаи якуми Чемпионат миёни дастаҳои лигаи олӣ маълум шуд

Рақобати дӯстонаи  футболозони  тоҷику чинӣ  бо ҳисоби 1:0 ба суди мизбонон анҷом ёфт.

Бино бар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ягона голи ин вохӯриро  Янг Ху дар дақиқаи 10-ум ба ҳадаф расонида, пирӯзии дастаи мунтахаби Чинро дар ин дидор таъмин кард.

Ёдрас мешавем, ки 7 июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон бо иштироки 13 ҳазору 500 мухлис баргузор шуд. Вохӯрии тимҳои мазкур ҷолибу пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Лозим ба ёдоварист,ки бозиҳои дӯстона як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон — 2022 ба шумор меравад.