Дар ду рӯз дар чаҳор садамаи нақлиётӣ 5 нафар ба ҳалокат расидааст

Кормандони милитсия Тоҷикистон дар рӯзҳои 9 ва 10 июни соли равон чанд садамаи маргборро дар роҳҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифтанд, ки дар натиҷа онҳо як зан, се мард ва як кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон дар садамаҳое, ки рӯзҳои 9 ва 10 июни соли равон сурат гирифтааст 5 нафар ба ҳалокат расидааст. Аз ҷумла миёни фавтидагон як кӯдаки хурдсол низ ба назар мерасад.

Пурқурбонитарин садама дар Суғд: ВУД Раҳимовро гунаҳкор медонад - видео

Тавре манбаъ хабар додааст, рӯзи 9-уми июни соли равон, ронандаи автомашини “Опел-Астра”, Байзоев Суҳроб, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи И.Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи мағозаи “Тобон”-и шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Додоев Шараф, сокини шаҳраки Курушкада ва Ҳайитов Аҳмад, сокини кӯчаи Ленини шаҳри Истаравшанро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, Ҳайитов А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Шаҳрванд Додоев Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 10-уми июни соли равон, ронандаи мошини “Опел-Вектра”, Эгамқулов Мансурҷон, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон ба автомашинаи “Саманд”, таҳти идораи ронанда Сафарова Фотима Шарифовна, соҳибкори инфиродӣ, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.

Мошин чаппа шуд ва ронанда ҳалок гашт: тафсилоти садама маргбор дар роҳи "Душанбе-Чаноқ"

“Сипас, ронандаи автомашинаи тамғаи “Саманд” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Умаров Ҳошимҷон, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Истаравшан, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Саманд” Сафарова Ф.Ш. ва мусофираш Рустамов Маъруфҷон, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - таъкид намудааст манбаъ.

 Инчунин худи ҳамон рӯз, ронандаи мошини тамғаи “Деу-Леганза”, Насриддинов Худобахш, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абая ба самти кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи бозори “Султони Кабир” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори чапи роҳ бархӯрда, чаппа шудааст.

Дар натиҷа, Насриддинов Х.С. ва мусофирони автомашинаи мазкур Шаҳобиддинов Салоҳиддин, Алимаҳмадов Зиёратшоҳ, Раҳматуллоев Қамариддин, сокинони деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ронанда Насриддинов Худобахш дар бермохона ба ҳалокат расидааст.

Ҷароҳати 8 шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи садама дар вилояти назди Маскав

 Ҳамчунин як ҳодисаи маргбори дигар рӯзи 10-уми июни сар задааст.

Ронандаи худрави “Тайота-Каролла”, Давлатов Амриддин, соҳибкори инфиродӣ, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Испечаки пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №14 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Хушвахтова Малика, соли таваллудаш 2018, сокини кӯчаи Испечакро пахш намудааст.

Дар натиҷа, хурдсол Хушвахтова Малика ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома доранд.