Кумакхоҳӣ барои расондани модару хоҳар ба ҷанозаи Лола Ғуломова дар ИМА

Ҳадия Ғуломова хоҳиш кардааст, ки ба ӯ ва модараш барои расидан ба маросими ҷанозаи Лола Ғуломова, хоҳари кушташудааш дар ИМА кумак кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҳадия Ғуломова бо нашри як муроҷиатнома дар Facebook шарҳ доштааст, ки сафорати ИМА хароҷоти сафари модарро ба уҳда гирифтааст, аммо ӯ ба танҳоӣ тавони анҷоми ин сафарро надорад.

“Модарам аз ин хабар дар ҳолати шок қарор дорад ва наметавонад мустақилона парвоз кунад. Хоҳиш дорам, ки дар ҷамъоварии маблағчи чиптаи дуюм ба ман кумак кунед, то ман тавонам модарро ба маросими ҷанозаи хоҳараш ҳамроҳӣ кунам”, - навиштааст Ҳадия Ғуломова.

Кумакхоҳӣ барои расондани модару хоҳар ба ҷанозаи Лола Ғуломова дар ИМА

Лола Ғуломоваи 45-соларо ҳамсараш Ҷейсон Риф, дипломати амрикоии 51-сола, ки дар ҳоли ҷудошавӣ аз ҳам қарор доштаанд, охири ҳафтаи гузашта парондааст

Тибқи гузориши Washington Post, пулис дар пайи дарёфти хабар ба хонаи ин ҷуфт дар наздикии Донишгоҳи Амрико дар шимолу ғарби Вашингтон ҳозир шуда, баъди шикастани дар Ҷейсонро бо силоҳ дар даст дидаанд.

Пулис амр додааст, ки Ҷейсон силоҳро канор гузорад, аммо ӯ ба сараш тир холӣ кардаасту дар беморхона ҷон додааст.  Дар утоқи дигар ҷасади Лола Ғуломоваро пайдо кардаанд, ки аз зарби якчанд тир ба ҳалокат расидааст.

Ҳабси тӯлонии 2 мансабдори ҷавон барои порагириҳои зиёд дар Душанбе

Пулис бовар дорад, ки шавҳар ҳамсарашро парондасту баъдан худкушӣ кард.

Ин зану шавҳар дар хадамоти дипломатии ИМА – Ҷейсон дар Департаменти давлатӣ ва Лола Ғуломова дар Вазорати савдои ИМА кор мекардааст.

Ба гузориши Washington Post ин ҷуфт дар замони таҳсил дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс шинос шуда, соли 2000-ум ақди никоҳ бастаанду соҳиби ду духтарча шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми рух додани фоҷиа фарзандон, ки ноболиғ мебошанд дар хона қарор надоштаанд.

Маҷнунҳои рашкин: дар Тоҷикистон ду куштор ба сабаби рашк рух дод

Наздикони ин хонавода изҳор доштаанд, ки нофаҳмӣ соли 2015 баъди бозгашти ин ҷуфт аз як сафар рух дод, вақте Ҷейсон фаҳмидааст, ки ҳамсараш барои кори чорсола дар Белград розӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, ин кор бояд соли 2020 оғоз мешуд ва Ғуломова ният доштааст, духтаронро низ бо худ барад.  

Дар пайи танишҳо Ғуломова хостори талоқ шуда, аз додгоҳ хостааст, ӯро аз Ҷеймс Риф ҷудо кунад. Додгоҳ моҳи марти соли равон дар пайи ҳозир нашудани Риф ба мурофиаҳо қарори ҷудошавиро содир карда, модарро саробони духтарон таъин кардааст.

Эълони ВУД Тоҷикистон дар бораи симкорт ва шиносномаҳо: аз муҳлат то маблағ

Аммо Риф розӣ нашуда, бо ҷалби вакили нави дифоъ аз ин қарор шикоят бурдааст. Вакили нав даъво кардаст, ки зерҳимояаш муроҷиатномаҳои заруриро нагирифтааст.

Додгоҳи олии ҳавзаи Колумб мурофаи навбатиро пеш аз зуҳри рӯзи ҷумъаи 7 июн таъин кардааст, аммо дар ин рӯз фоҷиа рух додааст.

Ба навиштаи Washington Post хабари марги Лола Ғуломова, ки ҳамкорони собиқаш аз ӯ танҳо ба некӣ ёд мекунанд, ҳамаро дар ҳолати шок қарор додааст.

Ғуломова дар Вазорати савдои ИМА дар раёсати Русия, Украина ва Авросиё кор мекардааст. Ӯ бахшҳои кумак ба зарардидагони тӯфони Катрин, масоили НАСА, сафорати ИМА дар Маскав дар умури кайҳон фаъолият карда, яке аз ҳамоҳангсозони сафари Барак Обама, раисиҷумҳури пешини ИМА ба Ҳиндустон дар соли 2010-ум будааст.

Шиносҳои Лола Ғуломова аз ниҳодҳои гуногуни ИМА аз ӯ ҳамчун нафари хайрхоҳ ёд кардаанд, ки зиндагиро дӯст медошт.