Коршинос Мамадазимов: Теҳрону Душанбе мехоҳанд равобити сардро паси сар кунанд

Ба гуфтаи Абдуғани Мамадазимов, коршиноси масоили сиёсӣ, манфиати Эрону Тоҷикистон ду кишварро маҷбур сохтааст аз ранҷишҳои гузашта фаромуш намоянд
Sputnik

Дар аввали моҳ сафари кории Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Теҳрон анҷом ёфт. Вазири тоҷик бо раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва бо ҳамтои эрониаш Ҷавод Зариф дидору гуфтугӯ кард.

Коршинос Мамадазимов: Теҳрону Душанбе мехоҳанд равобити сардро паси сар кунанд

Коршиноси тоҷик таъкид намудааст, ки дар дидору млоқотҳои вазири тоҷик бо мақомоти баландпояи Эрон муҳим он аст, ки дидору гуфтугӯҳо дар фазои дӯстӣ анҷом ёфтанд.

Ин ҳам дар ҳолес, ки дар тӯли 4 соли ахир мақомотҳои ду кишвар якдигарро дар даст доштани ҳар гуноҳ айбдору таҳқир мекарданд.

Баъди буҳрон: Рӯҳонӣ гуфт, Эрон хостори ҳузури бештар дар Тоҷикистон аст

Вай афзуд, ки акнун рӯзе расидааст, ки  Эрону Тоҷикистон ҳамкории судманди мутақобилро ба роҳ монанд, чун ин иқдом ба нафъӣ ҳар ду кишвар аст, қайд намудааст коршинос Абдуғани Мамадазимов.

Сафорати Эрон дар Душанбе далели нарафтани Зариф ба Тоҷикистонро тавзеҳ дод

“Аз кишвари мо дар ин давра тамоми сармоягузорони Эронӣ рафтанд. Ҳоло мо барои ҷалби сармоя манфиатдорем.Эрон кушиш дорад ба созмони ҳамкории  Шанхай дохил шавад ва ин бештар аз мавқеи Тоҷикистон вобастагӣ дорад . Ҳар ду тараф барои сулҳ манфиатдор ҳастанд. Имрӯз Эрон ва Тоҷикистон кушиш доранд равобитро дубора барқарор намоянд ва аз равобити сард ба равобити судманд гузаранд”, - зикр намуд Мамадазимов.