Равшан Ирматов бозии тими мунтахаби Тоҷикистонро доварӣ мекунад

Равшан Ирматов, довари шинохтаи ФИФА аз Узбакистон бозии дӯстонаи тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Чинро доварӣ хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин сабқат 11 июн дар варзишгоҳи “Тянхе”-и Гуанҷоу баргузор мешавад.

"Кечирасиз, Равшанака": Уткин аз довари узбакистонӣ узр пурсид

Ирматови 41-сола, ки ин бозиро назорат мекунад, феълан аз рӯи шумораи доварӣ дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон рекордсмен ба шумор меравад.

Дар Ҷоми ҷаҳони солҳои 2010, 2014 ва 2018 Ирматов сардовари 11 қувваозмоӣ буд.

Зимни доварӣ дар бозии Тоҷикистону Чин ба Ирматов ҳамватанҳояш – ёварони довари ФИФА, Абдуҳамидулло Расулов ва Ҷаҳонгир Саидов кумак мекунанд.

Муҷозоти футболбози дастаи “Ҳосилот” барои лату кӯби довар

Бозии мазкур соати 20:00 бо вақти Гуанҷоу ва соати 17:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.

Ахиран тими мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстона бо мунтахаби Афғонистон дар Душанберо бо ҳисоби мусовӣ – 1:1 анҷом дод.