ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Тоқаевро ба муносибати пирузии устувораш дар интихобот сидқан табрику муборакбодӣ намуда, ба ӯ комгорӣ ва фаъолияти самарбахшро дар ин маснади сермасъули давлатӣ орзу кард.
“Дар рафти суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ масири рушди бомуваффақиятро касб кардаанд, мубодилаи афкор анҷом доданд”, - иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин омодагии ҷонибҳо барои идомаи муколамаи эътимодбахшу шаффофи байнидавлатӣ дар тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид гардид.
Раисиҷумҳурони Тоҷикистону Қазоқистон инчунин дар масъалаҳои саммити қарибулвуқӯи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – “МҲТБО”, ки 14 – 15 июн дар Душанбе дар назар аст, суҳбат намудаанд.
Дар назар аст, ки раисиҷумҳури тозаинтихоби Қазоқистон низ дар ин саммит иштирок кунад. Бар асоси иттилои муқаддамотӣ Тоқаев 9 июн дар интихоботи раисиҷумҳури Қазоқистон бо гирифтани ҳудуди 70 дарсади овозҳо пирӯз гардид.