ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон, 9 ва 10 июн хатари сел дар шаҳру навоҳии кишвар, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷой дорад.
Ин ниҳод афзуд, 10 июн дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.
Ҳушдори ҳавошиносон аз селҳо дар ҳолест, ки рӯзҳои охир ин офати табиӣ дар навоҳии тобеи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд хисороти зиёди ҷонию молӣ дар пай гузошт.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, дар навоҳии мухталиф корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо ширкати хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои низомии Кумита, Вазорати мудофиа ва мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалҳо идома дорад.
Дар пайи ин офатҳои табиӣ дастикам 6 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ва як марди 60-сола дар ноҳияи Панҷ, 2 ҷавон дар Панҷакент ва як ҷавон дар ноҳияи Хуросон ба ҳалокат расиданд.