"Дипломати амрикоӣ ҳамсари тоҷикашро паронду худкушӣ кард"

Ҷейсон Риф, дипломати амрикоии 51-сола ҳамсари тоҷикаш – Лола Ғуломоваи 45-соларо, ки дар ҳоли ҷудошавӣ аз ҳам қарор доштаанд, парондаасту баъдан худкушӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Тибқи гузориши Washington Post, пулис дар пайи дарёфти хабар ба хонаи ин ҷуфт дар наздикии Донишгоҳи Амрико дар шимолу ғарби Вашингтон ҳозир шуда, баъди шикастани дар Ҷейсонро бо силоҳ дар даст дидаанд. Пулис амр додааст, ки Ҷейсон силоҳро канор гузорад, аммо ӯ ба сараш тир холӣ кардаасту дар беморхона ҷон додааст.  Дар утоқи дигар ҷасади Лола Ғуломоваро пайдо кардаанд, ки аз зарби якчанд тир ба ҳалокат расидааст.

Доналд Туск: 14 кишвари Иттиҳоди Урупо дипломатҳои Русияро ихроҷ мекунанд

Пулис бовар дорад, ки шавҳар ҳамсарашро парондасту баъдан худкушӣ кард.

Ин зану шавҳар дар хадамоти дипломатии ИМА – Ҷейсон дар Департаменти давлатӣ ва Лола Ғуломова дар Вазорати савдои ИМА кор мекардааст. Ба гузориши Washington Post ин ҷуфт дар замони таҳсил дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс шинос шуда, соли 2000-ум ақди никоҳ бастаанду соҳиби ду духтарча шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми рух додани фоҷиа фарзандон, ки ноболиғ мебошанд дар хона қарор надоштаанд.

Наздикони ин хонавода изҳор доштаанд, ки нофаҳмӣ соли 2015 баъди бозгашти ин ҷуфт аз як сафар рух дод, вақте Ҷейсон фаҳмидааст, ки ҳамсараш барои кори чорсола дар Белград розӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, ин кор бояд соли 2020 оғоз мешуд ва Ғуломова ният доштааст, духтаронро низ бо худ барад.  

Дар пайи танишҳо Ғуломова хостори талоқ шуда, аз додгоҳ хостааст, ӯро аз Ҷеймс Риф ҷудо кунад. Додгоҳ моҳи марти соли равон дар пайи ҳозир нашудани Риф ба мурофиаҳо қарори ҷудошавиро содир карда, модарро саробони духтарон таъин кардааст.

Ким Чен Ин намояндааш дар ИМА-ро ба қатл расонд

Аммо Риф розӣ нашуда, бо ҷалби вакили нави дифоъ аз ин қарор шикоят бурдааст. Вакили нав даъво кардаст, ки зерҳимояаш муроҷиатномаҳои заруриро нагирифтааст. Додгоҳи олии ҳавзаи Колумб мурофаи навбатиро пеш аз зуҳри рӯзи ҷумъаи 7 июн таъин кардааст, аммо дар ин рӯз фоҷиа рух додааст.

Ба навиштаи Washington Post хабари марги Лола Ғуломова, ки ҳамкорони собиқаш аз ӯ танҳо ба некӣ ёд мекунанд, ҳамаро дар ҳолати шок қарор додааст.

Ғуломова дар Вазорати савдои ИМА дар раёсати Русия, Украина ва Авросиё кор мекардааст. Ӯ бахшҳои кумак ба зарардидагони тӯфони Катрин, масоили НАСА, сафорати ИМА дар Маскав дар умури кайҳон фаъолият карда, яке аз ҳамоҳангсозони сафари Барак Обама, раисиҷумҳури пешини ИМА ба Ҳиндустон дар соли 2010-ум будааст.

Шиносҳои Лола Ғуломова аз ниҳодҳои гуногуни ИМА аз ӯ ҳамчун нафари хайрхоҳ ёд кардаанд, ки зиндагиро дӯст медошт.