Баҳодур Усмонов дар Қазоқистон низ соҳиби медали тилло гашт

Баҳодур Усмонов, қаҳрамони Осиё дар риштаи бокс дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов дар Қазоқистон пирӯз гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 11-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов аз 4 то 8 июн дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор гашт.

Давандаи тоҷикистонӣ дар Чин рекорди миллӣ гузошт

“Дар мусобиқа варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Федератсияи Русия ширкат карданд”, - иттилоъ дод Кумита.

Манбаъ афзуд, ки Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кило дар даври муқаддамотӣ ҳарифонашро аз Қазоқистон - 2 нафар ва Озарбойҷон мағлуб кард.

“Дар марҳилаи ниҳоӣ муштзани маъруфи қазоқро шикаст дод ва сазовори медали тилло гардид.
Ин сеюмин медали тиллои Баҳодур дар соли равон мебошад”, - таъкид намуд Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Баҳодур Усмонов моҳи феврал дар мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Д. Шопоков дар Қирғизистон ва моҳи апрели соли равон дар Чемпионати Осиё дар Тайланд медали тилло ба гардан овехта буд.