ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Дар маҳбаси ноҳияи Букин ҷанҷол сар зад, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон бо такя ба Kun.uz.
Яке аз зиндониҳо дигариро чунон латту кӯб кард, кӣ дуюмӣ ҷон бохт.
Чуноне қйд мешавад, яке аз зиндониҳо тариқи телефон бо зани номаълум суҳбат кардааст. Маҳбуси дигарӣ қасд доштааст аз ин аҳволаш ба ҳамсараш хабар диҳад.
Дар натиҷа миёни зиндониҳо муноқиша бархостааст, ки пас аз чанде ба ҷанҷол табдил ёфтааст.
Маҳбус ба гулӯи зиндонӣ бо дастаи каланд зада ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Айни замон дигар ҷузъиёти ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Гуфта мешавад, ки нисбати маҳбуси қотил парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.