ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бо қарори раиси шаҳр амалиёти "Кӯкнор-2019" баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Тибқи қарори раиси шаҳр, мақсад аз баргузории ин амалиёт ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор мебошад.
Амалиёт дар ду марҳила аз 1 июн то 31 август ва аҳ 1 сентябр то 30 ноябри соли равон баргузор карда хоҳад шуд.
Барои баргузории "Кӯкнор-2019" ситоди шаҳрӣ ташкил карда мешавад.
ВУД, кумитаи амният, агентии назорат бо маводи мухаддир вазифадор шудаанд, ки гурӯҳҳои оперативӣ ҷустуҷӯи таҳия кунанд.
Ситоди шаҳрӣ ӯҳдадор шудааст, ки дар як моҳ як маротиба ҷаласа доир намуда, аз рафти амалиёт -ошкору пешгирӣ ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадор, дастгир кардани шахсони нашъаҷаллоб, муайян кардани ҷойиҳои истеъмол ва фурӯши нашъа ҳисобот диҳанд.
"Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ситодҳои марбутаи ноҳиявиро таъсис ва оид ба ташкил ва гузаронидани амалиёти мазкур дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилии ноҳияҳо, бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ чораҳо андешанд", - гуфта мешавад дар банди панҷуми қарор.