Расонаҳо: духтари навраси тоҷик дар Санкт-Петербург ғарқ шуд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Приморски шаҳри Санкт-Петербург дар дарёи Невкаи бузург ҷасади духтари навраси тоҷикистониро пайдо кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Санкт – Петербург, ҷасади духтари наврас 6 июн тақрибан соати 16:20 аз об дар наздикии хонаи рақами 72-и хиёбони Приморск пайдо карда шудааст.

Қадрдонии кӯдаки тоҷик барои наҷоти дӯсташ аз чоҳи оби ҷӯш дар Русия - видео

“Дар ҷасади марҳум ягон осори марги маҷбурӣ ошкор нашудааст”, - таъкид кардаанд расонаҳо ва афзуданд, ки оилаи ин наврас низ муваффақ будааст.

Муайян шудааст, ки духтари навраси тоҷик рӯзи панҷшанбеи 6 июн тақрибан соати 13:40 барои оббозӣ рафта, ғарқ шудааст.  

Ин фоҷиа дар ҳолест, ки ҳамасола дар мавсими оббоз даҳҳо тоҷикистонӣ, аз ҷумла кӯдакон дар дохилу хориҷ ғарқ мегарданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон пайваста аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми оббозӣ эҳтиёткор бошанду дар ҷойҳое, ки шиноварӣ манъ мебошад, аз ин кор худдорӣ намоянд.