ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ар шаҳри Душанбе ҳаво абрии тағйирёбанда шуда, шабона боридани борони кутоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Ҳаво шабона 11-13 ва рӯзона 30-32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-4 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1-4 дараҷа сард ва рӯзона ҳарорат ба 9-14 дараҷа мерасад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.