Фурӯши ҳисобкунакҳои қалбакии чинӣ зери тамғаи “Энергомер”-и Русия - видео

Шӯъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд фурӯши ҳазорҳо ҳисобкунаки чинӣ зери тамғаи молии Русияро ошкор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, гузориш дод, ки ба фурӯши ҳисобкунакҳои пастсифату қалбакӣ соҳибкор Музаффар Муҳсинов, соҳибкор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даст задаааст.

Чигуна равғани “Лукойл”-и Русия "Silver"- и Олмон мешуд: ҷазои Файзуллоев дар Хуҷанд

Шарипов дар барномаи ҳафтаинаи ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки Муҳсинов фурӯши ҳисобкунакҳои қалбакиро дар мағозааш дар бозори “Баракат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даст задааст.

Ба иттилои РВУД муттаҳам тайи солҳои 2017 ва  2018 аз Чин ба Тоҷикистон 6 ҳазору 635 ҳисобкунаки якфазаи қалбакӣ ворид намуда, бо насби тамғаи “Энергомер”, ҳамчун моли истеҳсоли Русия пешниҳоди мизоҷон мекардааст.

Ин ниҳод таъкид кард, ки ҶДММ “Алиев”-и шаҳри Конибодом, намояндаи расмии ширкати “Энергомер” дар Тоҷикистон буда, аз вуруди ҳисобкунакҳои қалбакии чинӣ бо ин тамға, ҳудуди 530 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ дидааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан додгоҳи шаҳри Хуҷанд соҳибкор Саидолимхон Файзуллоевро дар сохтакорӣ гунаҳкор дониста, ба 2 солу 6 моҳи зиндони шартӣ ва 1,5 соли маҳрумият аз ҳаққи соҳибкорӣ маҳкум кард. Файзуллоев дар он гунаҳкор дониста шуд, ки равғани “Лукойл”-и Русияро "Silver"- и Олмон тамғагузорӣ карда, ба фурӯш баровардааст.