ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Футболбози машҳури мисрӣ Муҳаммад Салоҳ аз ҳамдеҳагон ва рӯзноманигорон шикоят карда, гуфтааст, ки онҳо нагузоштанд, ки ӯ ҳам мисли мардум ба масҷид рафта, намоз гузорад.
Салоҳ баъди пирӯзии "Ливерпул" дар давраи ниҳоии Лигаи Чемпионҳо ба манзилашон дар деҳаи Нагриги музофоти Ал-Шарқияи Миср баргашт. Аз ин сокинону рӯзноманигорон бохабар шуда, хонаи футболбозро "зер" карданд. Онҳо доду вой мебардоштанд, ки Салоҳ аз хона ба наздашон барояд. Дар натиҷа Салоҳ ҳатто рӯзи ид аз хона баромада натавонист ва ба намози ид нарафт.
"Баъзе рӯзноманигорон ва одамон чунон карданд, ки ман ҳатто аз хона бармада, ба намози ид рафта наметавонам. Ин ба мухлисиву муҳаббат иртиботе надорад. Ин ноҳурматии ҳуқуқи ҳар нафар ба ҳаёти шахсӣ ва ғайрикасбӣ мебошад", - менависад Салоҳ дар Твиттер.
Муҳаммад Салоҳ ба панҷгонаи беҳтарин футболбозони Миср дохил мешавад ва ғолиби Лигаи чемпионҳои 2019 ва беҳтарин футболбози африқоии соли 2017 ва 2018 аст.