Ҳушдору шарҳи КҲФ аз офатҳои табиӣ: хатари селу сангрезиву тарма то 7 июн мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ҳодисаҳои нохуши чанд рӯзи ахирро шарҳ дода, эълон кард, ки хатари офатҳои табиӣ то 7 июн дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон офатҳои табиии рӯзҳои ахирро дар минтақаҳои кишвар шарҳ дода, гуфтааст, ки хатари селу тарма дар кишвар то 7 июн боқӣ мемонад.

"Дар қаламрави деҳаи Гулистони ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ, деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалаба, деҳаи Истиқлоли ҷамоати Зафар ва деҳаи Куҳдомани ҷамоати Ватани ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сел ба заминҳои кишт, роҳҳои мошингард ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд", - менависад КҲФ.

Сел хонаҳоро харобу чорворо бурд: борони сел дар шаҳри Конибодом

Бино бар иттилои манбаъ, дар Конибодом сел 11 манзилро тахриб кардааст.

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар то 7-уми июни соли 2019 дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид боқӣ мемонад, боронҳои пуршиддат идома мекунанд. Вобаста ба боришҳои пайдарпай ва гармтар шудани ҳаво барфҳо дар кӯҳҳо об мешаванд ва ин метавонад боиси ба харакат даромадани хоки теппаҳо, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, махзанҳои об ва берун шудани об аз соҳилҳои маъмулӣ гардад.

Боришҳои пуршиддат дар кӯҳҳо сабаби омадани тарма, сел ва резиши санг шуда метавонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳо ба минтақаҳои селхез, тармазо ва сангрез худдорӣ намоянд, муддате то беҳ шудани обу ҳаво ба ғунучини рустаниҳои дорувор, чидани занбурӯғ нараванд.

"Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода шумо метавонед ба қисми навбатдории КҲФ то телефонҳои 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат кунед", - таъкид мекунад КҲФ.

Ҳушдори КҲФ дар ҳолест, ки 4 июн дар шаҳри Панҷакент сели азиме омад, ки дар натиҷа ду тан ғарқ шуданд. Бино бар иттилои сокинон, сели азим як манзилро пурра шуста бурдааст.

Айни ҳол дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент 5 нафар зарардидагон бистари шуда, ҳолати онҳо хуб арзёби мегардад.

Ҳаҷми хисорот ҳанӯз муайян нашудааст.