“Эрон гуфт ҲНИТ-ро дигар дастгирӣ намекунаду, ранҷишҳои Тоҷикистон дар гузашта монд”

Ба андешаи шарқшинос Николай Кожанов, эҳтимол дорад ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон беҳтар гардад, чунки ҳар ду кишвар ба ҷои ҳифзи мухолифатҳо ба ҷустуҷӯӣ шарик ниёзи бештар дорнад
Sputnik

Ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон сафари расмӣ анҷом дод. Вай бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ва Ҷавод Зариф ҳамтои эрониаш дидору гуфтугӯ кард. Зимни мулоқот тарафҳо масоили иҷтимоиву иқтисодӣ аз ҷумла сохтмони НОБ Сангтуда-2, нақби Истиқлолро баррасӣ намуданд.

“Эрон гуфт ҲНИТ-ро дигар дастгирӣ намекунаду, ранҷишҳои Тоҷикистон дар гузашта монд”

Аҷиб онаст, ки сафар дар фазои дӯстӣ сурат гирифт, ин дар ҳолест, ки тӯли панҷ соли ахир Эрон ва Тоҷикистон пайваста якдигарро айбдору таҳқир мекарданд. Ба гуфтаи Николай Кожанов, коршинос ва эроншиноси пажуҳишгоҳи Ховари Наздик, ҳар ду тараф дар шароити фишор дарк намуданд, ки ҳамкорӣ беҳтар аз ранҷишҳои пешина аст.

Баъди буҳрон: Рӯҳонӣ гуфт, Эрон хостори ҳузури бештар дар Тоҷикистон аст

“Дар шароити фишори имрӯзаи Амрико, Теҳрон кушиш дорад муносибатҳояшро бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтар намояд. Мулоқоти Тоҷикистону Эрон аз он шоҳидӣ медиҳад, ки тарафҳо масъалаи дастгирии ҲНИТ ва эҳтимоли пинҳон намудани пулҳо дар бонкҳои Тоҷикистон, ки аз тарафи баъзе аз чеҳраҳои сиёсии баландпояи Эрон ва соҳибкорон сурат гирифта буд, бартараф намуданд”, - қайд намуд коршинос.

Ба гуфтаи коршинос, барои мақомоти Тоҷикистон сафари Муҳриддин аз лиҳози ҷалби сармоя муҳим арзёбӣ мешавад.