ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.
Лю Бин иброз дошт, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин, ки моҳи майи соли равон баргузор шуда буд, ба густариши робитаҳои фарҳангӣ такони ҷиддӣ бахшид.
“Рӯзҳои фарҳангӣ равзанае мебошанд, ки тавассусти онҳо мардуми кишварҳои гуногун аз фарҳанг ва санъати ҳамдигар хабардор мешаванд”, — таъкид намуд Сафири Чин дар Тоҷикистон.
Дар навбати худ, Шамсиддин Орумбекзода доир ба робитаҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегирад, сухан гуфта, изҳор дошт, ки имрӯз имконияти васеъ барои ҳамкорӣ дар соҳаи санъат, фарҳанг, театр ва тарбияи кадрҳо мавҷуд мебошад.
Инчунин зимни мулоқот тарафҳо доир ба муаррифии китоби “Си Ҷин Пин оид ба идоракунии давлатӣ”, ки маҷмӯи суханрониҳо ва мусоҳибаҳои роҳбари Чин Си Ҷин Пинро дар бар мегирад, суҳбат намуданд. Рӯнамоии китоби мазкур, ки дар радифи чандин забонҳои дунё ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, дар доираи сафари давлатии роҳбари Чин ба Тоҷикистон сурат мегирад.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаи ташкили Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Чин ва Маркази фарҳангии Чин дар Тоҷикистон матраҳ гардид. Зикр гардид, ки ташкили чунин марказҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар неруи тоза хоҳад бахшид.