Намози Иди Фитр бо иштироки ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав баргузор шуд

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бомдоди рӯзи 4 июн дар масоҷиди ҷомеъи шаҳри Маскав намози иди Рамазонро хонданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik.   Намози иди Фитр дар масҷиди марказии шаҳри Маскав бо амри маъруф ва суханони табрикии Равил Ғайнуддин — Раиси Шӯрои муфтиёти Русия баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон вазифаи ҳар як мусулмони тоҷикро гуфт

Субҳи имрӯз ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои собиқӣ Шӯравӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои адои намози Иди Фитр ба масҷиди марказии шаҳри Маскав рафтанд.

Чандин ҳазор нафар аз мусулмонон имрӯз дар Маскав намози ид гузоштанд. Азбаски бузургтарин масҷиди Маскав дар ҷодаи Сулҳ ҳамаро ғунҷонда наметавонист, аксрият дар хиёбонҳои атрофи он намоз гузоштанд.

Пас аз амри маъруф ва суханони табрикии Равил Ғайнуддин — Раиси Шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғайнуддин намози Иди Фитр баргузор шуд.

Баъд аз анҷоми намози ид аксарияти муҳоҷирон ба хонаҳои наздикону рафиқони худ мераванд то ба Ид онҳоро табрик намоянд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Имоми Масҷиди ҷомеи Маскав Аршабаев Марат пештар гуфта буд, ки баъд аз солҳои 2000-ум теъдоди намозгузорон дар Масҷид ба маротиб афзоиш ёфтааст. Аксари нафароне, ки имрӯзҳо ба Масҷиди ҷомеъи Маскав меоянд шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд.

Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон дар остонаи иди Фитр

“Дар баробари бародарон аз дигар манотиқи Русия ҳузури муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ҳамсуд дар Масҷид назаррас аст”, - гуфт Аршабаев Марат.

Лозим ба ёдоварист, ки моҳи шарифи Рамазон, имсол аз  6-уми май оғоз шуда, то 3-июн идома ёфт. Агар дар Тоҷикистон давомнокии рӯза 17 соат буд барои сокинони Маскав вобаста бо тулӯъ ва ғуруби офтоб то 20 соатро ташкил медод.

Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи рамазон баргузор мешавад.

Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд.

Имоми Масҷиди ҷомеи Маскав аз рӯзадорӣ дар муҳоҷират то ҳамкорӣ бо муфтиётро шарҳ дод

Ёдрас мешавем, ки мардуми Тоҷикистон мувофиқи қонун "Дар бораи рӯзҳои истироҳатӣ" дар ин рӯз истироҳат мекунанд. Тамоми мусулмонони ҷаҳон дар ин рӯз ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ рафта ба якдигар сулҳу салоҳ таманно мекунанд.

Иди Рамазон дар кишварҳои мусулмоннишин аз як то се рӯз қайд карда мешавад. Дар рӯзи аввал мардум бо либоси тоза ба масҷидҳо рафта намози ид мегузоранд. Дар рӯзҳои баъдӣ бошад дастархони идона ороста ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд.