Мирзиёев дар остонаи Иди Фитр 575 зиндониро афв кард

Дар остонаи Иди Рамазон Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон фармони “Афви гурӯҳи ашхоси зиндонӣ, ки аз кирдорашон пушаймон шуда ва ислоҳ шудаанд”-ро имзо кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik.  Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбакистон, 575 нафар маҳбусонро афв кард, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии "Узбекистан 24".

Қадрдонии президентӣ: Мирзиёев ба мактабхон барои шеъри офаридааш мошин туҳфа кард

Бино бар иттилои манбаъ, тибқи фармон роҳбари Узбакистон, 361 нафар пурра озод шуда, муддати ҳабси 214 нафар коҳиш меёбад. Дар миёни афроди афвшуда ҳафт нафар шахсони беш аз 60 сола, шаш зан ва як шаҳрванди хориҷӣ ҳастанд.

Дар фармон ба вазоратҳо, идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои вилояту ноҳияҳо дастур дода шудааст, то барои дар ҷамъият мутобиқ шудани ашхоси афвшуда ва ҷалби онҳо ба корҳои фоиданоку тарзи солими ҳаёт кумак кунанд.

Маъмулан дар Узбакистон соле ду маротиба-дар иртибот ба Рӯзи истиқлолият ва Рӯзи қабули Сарқонун афв эълон гардида ва барои аввалин бор фармони афв ба муносибати Иди Рамазон содир шуд.

Ид ал-Фитр ё Иди Рамазон дар Узбакистон рӯзи 5 таҷлил шуда ва рӯзи истироҳат эълон шудааст.