Иди сиёҳ: ҷасадҳои додарон - Муҳаммадҷон ва Мансурҷонро аз Маскав ба Ватан мефиристанд

Панҷ муҳоҷири тоҷик ҳангоми убури марзи Русияву Қазоқистон ба садамаи мудҳиш афтода, мутаассифона се танашон ҳалок шуданд, ки байни онҳо додарон Муҳаммадҷони 23-сола ва Мансурҷони 19-сола низ буданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва намояндагони диаспораи тоҷик ҷасади се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар садамаи мудҳиш ҳалок шуданд, ба Ватан ирсол мекунанд. Дар ин бора намояндагии вазорат ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Шарҳи расмии қатл ва буридану сӯзондани сари чӯпони муҳоҷир дар Русия

Интизор меравад, ҷанозаи се муҳоҷири тоҷик додарон - Муҳаммадҷон Гурезови 23-сола, Мансурҷон Гурезови 19-сола, сокинони ноҳияи Ёвон ва Гулбаҳор Сулаймоноваи 55-сола, сокини шаҳри Ҳисор шоми имрӯз, 4 июн дар арафаи таҷлили Иди Фитр дар Тоҷикистон ирсол шавад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 1 июн дар шаҳри Уралский вилояти Самараи минтақаи Приволжиеи рух додааст. Гуфта мешавад, ин шаҳрвандони Тоҷикистон аз Маскав барои убури марзи Қазоқистон рафта, баъди гузаштани сарҳад, ба ҳодисаи нохуш дучор шудаанд.

"Кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муайян кардаанд, ки ҷасади ду ҷавон ва як зани тоҷик дар сардхонаи шаҳри Самара қарор дорад. Дар натиҷа барои интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои лозима омода карда шуд", - омадааст дар иттилоияи намояндагӣ.

 Дар ҳамбастагӣ бо намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Самара маблағҳои хайриявӣ ҷамъоварӣ карда шуда истодааст, ҷасади марҳумон Гурезов М.Н., Гурезов М.Н. ва Сулаймонова Г.М.  ба ватан тариқи фурӯдгоҳи шаҳри Москва равон карда мешавад, афзудааст манбаъ.

Ронанда ва як муосфири дигар дар ин садама маҷрӯҳ шуда, дар беморхонаи Самара бистарӣ шудаанд.